Ал-Карим
Карим – ҳамеша хайру нафақаи бисёру бузург диҳанда. Карим аз ҳама беҳтарину афзалтарин аст. Ба ваъдааш вафо мекунад, касе ба ӯ илтиҷо кунад, ноумед намекунад.
Саховатманд шахсест, ки бар ивази саховаташ ягон чиз умедвор ҳаст, мисли обрӯ ва эҳтиром, ё дуову сипос. Агар ӯ шахси солеҳ бошад, бар ивази хайроташ аҷру савобу ҷаннат ва розигии Аллоҳ мехоҳад.
Аммо Карим, бар ивази додааш ҳеҷ чиз намехоҳад, ки сифати хосси Аллоҳ аст. Аллоҳ таоло худро бо сифати каримӣ васф кардааст. Каломи худро низ бо карим васф намуд:
«Ин Қуръони карим аст». Сураи Воқеа, ояти 77.
Яъне Қуръон дорои хайри бисёр ва илми фаровон аст. Дар ҳар хайру илм аз Қуръон истифода мешавад.
Номи Карим дар 3 ҷои Қуръон зикр шудааст.
Байни Аллоҳ ва бандагонаш парда нест, дар ҳама ҳолат дуо ва дархости бандагонашро мешунаваду медиҳад.
Номи Абдулкарим барои писарҳо аз ҷумлаи номҳои беҳтарин аст. Гузоштани номи Карим низ ҷоиз аст.