Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
39

Ал-Барр

الْبَرُّ

Дар ваъдааш содиқ, соҳиби хайру эҳсони бисёр.

Барр – некӯкор. Аллоҳ таоло ба халқаш некӣ мекунад ва аҳволи онҳоро ислоҳ мекунад. Аҷру савоби мусалмонони некӯкорро дучанд мебахшад ва аз бадкории онон афв ва гузашт мекунад. Айби онҳоро пинҳон намуда онҳоро шарманда намекунад.

Номи Албарр дар Қуръон як маротиба зикр шудааст.

«Бегумон Ӯ Некӯкору меҳрубон аст». Сураи Тур, ояти 28.

Номи Абдулбарр беҳтарин ном буда, Барр ҳам ҷоиз аст.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 52:28
39 / 99