← Бозгашт
18px
40
Ал-Ҳақ
الْحَقُّ
Ҳақ – дар зоту илоҳияту сифоташ мутаҳаққиқ аст.
Ҳақ – ҳастию вуҷудаш ҳақ аст, Ҳақ зидди ноҳаққу ботил, Парвардигори тамоми олам буданаш ҳақ, якка ва ягонагияш ҳақ аст. Худои ҳақ, ҳамаи худоҳое, ки мардум барои худ худо гирифтанд, аз ҷумла ҳайкалҳо, бутҳо, дарахту санг ва ғайра, ҳама худоҳои ноҳақ, худоҳои ботил, худоҳои дурӯғин буданд, аммо Аллоҳ Ҳақ аст, ваъдааш ҳақ, суханаш ҳақ, хабарҳояш ҳақ, вохӯриӣ Ӯ ҳақ, қиёмат ҳақ, ҷаннат ҳақ, дӯзах ҳақ, ҳукми Аллоҳ ҳақ, дини Аллоҳ ҳақ, ҳар сухане ки Паёмбар ﷺ гуфтанд ҳақ асту рост аст.
Дар 10 мавзеъи Қуръони карим зикр шудааст.
Номи Абдулҳақ аз ҷумлаи номҳои нек аст. Номи Ҳақ низ ҷоиз аст.