Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
93

Ал-Босит

الْبَاسِطُ

Аллоҳ ба касе аз бандагонаш хоҳад, ризқро танг мекунад ва ба касе хоҳад, васеъ мекунад.

Ал-Босит – паҳнкунанда, дасткушод, беҳисоб ризқдиҳанда, яъне паҳнкунандаи ризқ дар рӯи замин. Аллоҳ таоло ризқро дар рӯи замин паҳн мекунад, аз саховату карамаш дари ризқро ба касе аз бандагонаш хоҳад, васеъ мекушояд ва барои касе хоҳад, бо ҳикматаш танг мекунад. Паҳкунандаи ризқ ва раҳмат аст. Дастонашро барои тавбаи мӯъминон паҳнкунанда аст.

Ал-Қобиз – қабзкунанда. Аз калимаи қабза кардан гирифта шудааст.

Қабзкунандаи ризқҳо, руҳҳо, нафсҳо, (ҷонҳоро қабз мекунад), хулоса, акси номи Ал-Босит. Ба касе хоҳад Аллоҳи Босит ризқу раҳмати худро ба андозае танг мекунад, бо адлу ҳикмате, ки ба Ӯ хос аст, бидуни маҳрум кардани банда аз ҳаққи сазовораш. Ба касе хоҳад аз фазлу карамаш васеъ мекунад. Замин рӯзи қиёмат дар қабзаи Парвардигор аст. Инсон ҳамеша дар қабзаи Аллоҳ аст, кай хоҳад ӯро ба ҳалокат мерасонад.

Баъзе уламо гуфтанд: «Аз рӯи одоб ин ду номро якҷоя зикр карда шавад, чун Аллоҳ ҳам Қобиз ҳасту ҳам Босит, гоҳо зиндагӣ ва ризқи касеро бо ҳикматаш танг мекунад ва пас аз муддате боз дари ризқу раҳматашро боз мекунад».

Ин ду ном дар ривояти Аҳмад, Сунани Тирмизӣ ва Абудовуд омадааст.

«Аллоҳ қобизу босит аст».

Абдулбосит номидани фарзанд ҷоиз аст, вале Абдулқобиз ҷоиз нест. Чун ин ном дар танҳоӣ набояд зикр шавад.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 2:245
93 / 99