Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
73

Ал-Ҳафиз

الْحَافِظُ

Ҳафиз – амалҳои бандаҳоро муҳофизат мекунад ва мӯъминонро аз бадиҳо ҳифз мекунад.

Ҳафиз умумӣ ва шомилтар аз Ҳофиз аст. Аллоҳ осмонҳоро аз заволу нестӣ муҳофизат мекунад, бандаашро аз ҳалокату офат нигаҳ медорад. Амалҳои бандагонро муҳофизат мекунад, нигоҳ медорад, чизе аз корҳои неки бандаҳо фаромӯш ё зоеъ намешавад. Рӯзи қиёмат ҳамаи амалҳои бандаро ҳисоб карда, наздаш ҳозир мекунанд. Ҳар сухане, ки аз забонаш баромад, ҳар нияте, ки дар қалб дошт, ошкор мекунад. Ҳафиз дӯстону наздиконашро аз гуноҳу бидъатҳо муҳофизат мекунад. Ҳафиз сиғаи муболиғаи Ҳофиз аст.

Номи Абдулҳафиз ва Ҳафиз ҷоиз аст.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 11:57📖 12:64
73 / 99