Ал-Қуддус
Аз ҳар айб пок аст.
Қуддус – пок, аз тамоми айбу нуқсон, аз тамоми сифатҳои пасту норасоӣ ва камбудӣ поку муназзаҳ аст.
Аллоҳ соҳиби сифатҳои камолу ҷалолу ҷамол аст. Аллоҳ аз ҳамсару фарзанд, падару модар, шарику ҳаммисл пок аст. Ҳамчунин аз маргу ғафлат, хобу ғанаб, беморӣ, фаромушиву хасташавӣ, аҷзу нотавонӣ, зулму ҳоҷат ва фақру хасисӣ пок аст. Аллоҳ аз ҳар сифате, ки мушрикону кофирон васф кардаанд, пок аст. Ҳамроҳи Ӯ дигар худои барҳақ нест. Инчунин Ал-Қуддус ба маънои муборак меояд, яъне соҳиби барака. Масҷиди Қудс ба маънои масҷиди муборак меояд. Ба Аллоҳи Қуддус ҳамеша дар ҳама ҳолат гумони нек кунед. Аллоҳ таоло худро пок шуморид ва бандагонро амр кард, ки Ӯро пок шуморанд. Бинобар ин як маротиба «Субҳоналлоҳ» гуфтан тарозуро пур аз аҷру савоб мегардонад.
Ин ном ду маротиба дар Қуръон зикр шудааст.
Абдулқуддус аз ҷумлаи номҳои нек аст. Аммо Қуддус ном гузоштани кӯдак ҷоиз нест. Қуддус танҳо Аллоҳ аст.