Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
75

Ас-Суббуҳ

السُّبُّوحُ

Суббуҳ – аз ҳар айб поку муназзаҳ аст.

Аз тамоми айбу нуқсон, аз тамоми сифатҳои пасту норасоӣ ва камбудӣ пок аст. Аллоҳро ҳама тасбеҳ мегуяд:

«Ба Аллоҳ осмонҳои ҳафтгона ва замин ва ҳар касе, ки дар онҳост тасбеҳ мегӯянд, ва ҳеҷ чизе нест магар ба Аллоҳ ситоишу тасбеҳ мегӯяд, лекин шумо тасбеҳи онҳоро дарнамеёбед (намефаҳмед)». Сураи Исро, ояти 44.

Ин ном дар ҳадиси Саҳеҳи Муслим омадааст. Паёмбар ﷺ дар зикрҳои рукӯъ ва саҷдаҳо чунин мегуфтанд:

«Суббуҳун қуддусун рабб-ул-малоикати вар-Руҳ». Яъне: «Парвардигори поку муназзаҳ, парвардигори фариштаҳо ва Ҷибрил».

Номи Абдуссубуҳ ҷоиз аст. Аммо Суббуҳ ҷоиз нест, чун маънояш аз тамоми айбу нуқсон пок аст ва ин танҳо сифати Аллоҳ аст. Сифати бандагон хатокору гунаҳкор аст.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

Ҳадис
75 / 99