Ал-Мӯъмин
Тасдиқкунандаи бандагони мӯъминаш бар имонашон, тасдиқкунандаи он чӣ ба ивази имонашон ваъда додааст. Бандагонашро аз зулм дар амон нигаҳ медорад.
Мӯъмин – аз калимаи амн гирифта шуда, маънояш дар амон нигаҳдоранда, амнияту оромии халқ дар дасти Аллоҳ аст. Авлиёи худро аз азобу ғазабаш амон медиҳад. Аллоҳ халқи худро аз зулмаш амон додааст. Дар ду олам ба касе зулм намекунад, на ба дӯсту на ба душман. Ба қалби бандагони мӯъмин дар дунё амну оромӣ ато кардааст ва рӯзи қиёмат аз даҳшати рӯзи қиёмат дар амон нигоҳ медорад. Аллоҳ таоло гуфт:
«Онҳое ки имон оварданд, ва имони худро бо ширк омехта накарданд, ба чунин шахсиятҳо амну оромӣ аст ва онҳо ҳидоятёфтагонанд». Сураи Анъом, ояти 82.
Мӯъмин ба маънои тасдиқкунанда низ меояд. Аллоҳ ягонагии худро тасдиқ кард, ба ягонагии худ шоҳид шуд. Сухани бандагони мӯъминро рӯзи қиёмат тасдиқ мекунад, имони бандагонашро тасдиқ кард. Амну оромиро аз Аллоҳ донед ва аз Ӯ талаб кунед! Эй Аллоҳи Мӯъмин, барои мо амну оромӣ дар ин дунё ва охират ато бинмо!
Номи Абдулмӯъмин ва Мӯъмин дуруст аст.