← Бозгашт
18px
77
Ал-Вадуд
الْوَدُودُ
Бандагони солеҳашро дӯст медорад ва онҳо ӯро дӯст медоранд. Вуд ба маънои муҳаббати холис аст.
Вадуд – дӯсторанда, маҳбуб. Аллоҳ паёмбарон ва мӯъминонро дӯст медорад ва паёмбарону мӯъминон Ӯро дӯст медоранд. Ӯ сазовор аст, ки аз ҳама дӯстдоштатар бошад.
«Албатта Парвардигорам меҳрубону дӯстдор аст». Сураи Ҳуд, ояти 90.
Ин ном ду маротиба дар Қуръон зикр шудааст. Номҳои Абдулвадуд ва Вадуд номҳои нек мебошанд.