Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
46

Ал-Ҳаким

الْحَكِيمُ

Ҳаким – зотест, ки ҳар як чизро дар ҷои худ мегузорад. Ҳаким аз калимаи ҳикмат буда, гузоштани чиз дар мавзеъи худро ифода мекунад. Аллоҳ Ҳаким аст, дар ҳукму шариати Ӯ халалу камбудӣ ё иштибоҳе нест. Ҳеҷ касе ҳақ надорад ба ҳукмҳои одилонаи Ҳаким эътироз кунад. Банда бояд ба ҳукми Аллоҳи Ҳаким таслим шавад ва розӣ бошад, балки нисбати ҳукмҳои Ӯ муҳаббат дошта бошад. Касе, ки ҳукми Аллоҳи Ҳакимро масхара кунад, Аллоҳ ӯро хор мегардонад. Ин ном дар Қуръон 97 маротиба зикр шудааст.77 Дар Қуръон номи Ҳаким дар баробари номҳои Алим, Азиз, Хабир, Таввоб, Алӣ, Ҳамид зикр шудааст. Ҳар коре, ки аз тақдири некӣ ва бадӣ дар ин олам мешавад, берун аз ҳикмати Аллоҳ нест. Вақте ба саратон мушкилие омад, бидонед, ки аз ҳикмат холӣ нест, зери ҳар мусибат ҳикматҳои бузурге нуҳуфтаанд. Ба Аллоҳи Ҳаким гумони нек кунед. Тақдири некӣ ва бадие, ки Аллоҳ навиштааст, дар зери он ҳикматҳои бешуморе нуҳуфтаанд. Аллоҳ таоло ягон чизеро беҳуда наофарида аст ва шариатро беҳуда нозил накардаст. Ҳар ҳукме, ки кардааст, дар он ҳикматҳои аҷибе аст. Ҳар коре, ки Аллоҳ мекунад, аз ҳикмат холӣ нест ва ин барои бандаҳо кифоя аст. Корҳо ва мушкилиҳои худро ба Ҳаким супоред, ба зудӣ Ӯ аз орзуҳоятон болотар медиҳад.

Абдулҳаким аз ҷумлаи номҳои беҳтарин буда, Ҳаким низ ҷоиз аст.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 31:27📖 46:2📖 57:1📖 66:2
46 / 99