Ал-Ҳакам
Ҳокиме, ки ҳукми Ӯро таъқибкунандае нест.
Ҳакам – Довар, Қозӣ, чӣ хеле хост, ҳукм мекунад. Низоъ ва даъвои ду касро аз рӯи адолат ҳал мекунад.
Аллоҳ Ҳакам аст, байни бандаҳо дар дунё ва охират ҳукм мекунад. Дар дунё байни бандаҳо сухани Аллоҳ, яъне Қуръони карим ҳукм мекунад, аммо рӯзи қиёмат Аллоҳ таоло худ ҳукм мекунад.
Одилтарин Довар Аллоҳ аст, касеро ба мисли фатила (риштае, ки дар шикофи донаи хурмост) зулм намекунад, дар сураи Нисо ояти 49 хабар дод:
«Ва ба ҳеҷ кас, ҳатто ба қадри фатила ситам нашавад».
Номи Ҳакам тамоми номҳои зебо ва сифатҳои олиро дар бар мегирад, чун агар Самиъ, Басир, Алим, Сухангӯй, Қодир, Ҳай, Хабир набошад, Ҳакам намешавад.
Ин ном дар ҳадис собит шудааст. Паёмбар ﷺ гуфтанд:
«Аллоҳ худ Ҳакам (довар) аст». Ривояти Абудовуд, Насоӣ ва Бухорӣ дар «Адаб-ул-муфрад».
Абдуҳакам номи хуб буда, Ҳакам ҳам ҷоиз аст.