← Бозгашт
18px
6
Ал-Малик
الْمَلِكُ
Малик ба маъно подшоҳи мутлақ, шоҳи ҳақиқӣ аст. Ҳамеша шоҳ аст. Аз азал шоҳ буд ва беохир шоҳ боқӣ мемонад, на монанди шоҳҳои заминӣ, ки пеш кӣ буданд ва вақте аз қудрат барканор мешаванд, ҳолашон чӣ мешавад, маълум нест. Тамоми махлуқот дар мулки Ӯст. Чизе хоҳад, мекунад, ба ҳама кор тавоност. Бе хоҳиши Ӯ дар мулкаш ягон кор намешавад. Ба подшоҳ корҳои худро супор ва аз подшоҳ ҳоҷатҳои худро дар тамоми ҳолат бипурс, Ӯ шоҳи карим аст.
Ал-Малик дар Қуръон 5 маротиба зикр шудааст.
Номи Абдулмалик барои писарҳо яке аз беҳтарин номҳост. Номи Малик агарчи ҷоиз аст, вале Абдулмалик афзал аст.