← Бозгашт
18px
5
Ар-Раб
الرَّبُّ
Ар-Раб ба маънои Парвардигор, яъне тарбияткунанда, Молик ва Соҳиб, Офаридагор, идоракунанда, ислоҳкунандаи амри халқаш, дар олам чӣ хел хоҳад, амал мекунад.
«Парвардигори осмонҳо ва заминҳо ва ончӣ миёни онҳост». Сураи Марям, ояти 65.
Ба ибораи дигар маънои Ар-Раб чунин аст: Аллоҳ дар халқаш, мулкаш ва дар корҳояш ягона аст. Инро тавҳиди рубубият мегӯянд. Ба ин навъи тавҳид ҳатто мушрикони Макка низ имон доштанд. Вақте аз онҳо мепурсиданд:
«Осмонро ки офарид?» Ҷавоб медоданд: «Аллоҳ». «Шуморо кӣ ризқ медиҳад?»
Мегуфтанд: «Аллоҳ».
Ин ном дар Қуръон зиёда аз 900 маротиба бо сиғаҳои гуногун зикр шудааст.