Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
95

Ал-Муаххир

الْمُؤَخِّرُ

Нозилкунандаи чизҳо дар ҷои худаш, чизеро ки хост тақдим ва таъхир мекунад.

Муқаддим – тақдимкунанда, пешкунанда.

Муаххир – таъхиркунанда, ақибкунанда.

Ҳар чизро дар ҷои ба худ муносибу лоиқ мегузорад. Баъзе чизҳоро пеш меорад, яъне ба пеш мегирад ва баъзеи дигарро ба таъхир мегузорад. Касе сазовори пеш овардан бошад, ӯро ба муқаддам мегузорад. Касеро таъхир кард, зулм накард, балки аз адолату ҳикмати Ӯст. Агар чизеро ба таъхир андохт, касе наметавонад пеш оварад ва чизеро пеш орад, касе нест, ки ба таъхир андозад.

Ин ном дар ҳадиси саҳеҳ собит шудааст. Паёмбар ﷺ гуфтанд:

«Ту пешоваранда ва Ту ба таъхир андозандаӣ». Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Ин ду ном ҷуфт аст ва бояд якҷоя зикр кард. Чун камоли ин сифатҳо бо зикри якҷоягии онҳо зоҳир мешавад.

Аз номҳои Абдулмуқаддим ва Абдулмуаххир номидан худдорӣ кардан беҳтар аст. Шояд гузаштагон беҳикмат аз гузоштани чунин номҳо худдорӣ накарданд.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 71:4
95 / 99