← Бозгашт
18px
96
Аз-Зоҳир
الظَّاهِرُ
Аллоҳ Зоҳир (Олӣ) аст аз Ӯ болотор касе нест.
Зоҳир дар луғат ба маъноҳои ошкор, аён, олӣ ва ғайра меояд.
Аммо дар ҳаққи Аллоҳ Зоҳир ба маънои аз ҳама Олӣ, аз ҳама боло мебошад. Ҳам зоти Аллоҳ ва ҳам қадраш аз ҳама олӣ аст. Аз рӯи қаҳру ғалаба ҳам аз ҳама олист.
Аллоҳ ғолибу олӣ ва зоҳир аст, касе Ӯро ғалаба карда наметавонад. Дар муноҷоти худ Паёмбар ﷺ гуфтанд:
«Ту Зоҳир ҳастӣ аз ту болотор касе нест». Ривояти Муслим.
Аллоҳ мегӯяд:
«Ӯст Аввалу Охир ва Зоҳиру Ботин ва Ӯ ба ҳар чизе доност!». Сураи Ҳадид, ояти 3.
Дар ин оят чаҳор номи зебои Аллоҳ таоло номбар шуд.
Номи кӯдакро Абдуззоҳир номидан хуб аст, вале Зоҳир дуруст нест, чун Зоҳир танҳо Аллоҳ аст.