← Бозгашт
18px
97
Ал-Ботин
الْبَاطِنُ
Аллоҳ Ботин аст аз Ӯ наздиктар чизе нест.
Ботин дар луғат ба маъноҳои ниҳон, ноаён, дохил ва ғайра меояд.
Аммо дар ҳаққи Аллоҳ ба маънои наздиктарин зот ба ҳама чиз, огоҳ аз ҳама сирру розу пӯшидаҳо, аз ҳама чизҳои дақиқу нозук бохабар меояд. Ӯ аз зоҳиру ботини тамоми махлуқот бохабар аст, ботини (дохилу ҳақиқати) ҳар чизро медонад. Аз чашми махлуқот ниҳон аст.
Абдулботин номидан ҷоиз аст. Аммо Ботин ном гузоштан дуруст нест.