Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
98

Ал-Аввал

الأوَّلُ

Аввалест, ки қабл аз Ӯ чизе нест.

Аллоҳ Аввале ҳаст, ки аввалияташ ибтидо (саршавӣ) надорад. Аввал касеро гӯянд, ки қабл аз Ӯ чизе набошад.

Дар саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки Паёмбар ﷺ гуфтанд:

«Аллоҳ буд ва қабл аз Ӯ чизе набуд».

Дар дигар ҳадис омададаст, ки Паёмбар ﷺ дар дуояшон чунин мегуфтанд:

«Эй Аллоҳ! Ту аввал ҳастӣ, пеш аз ту чизе набуд ва ту охир ҳастӣ, пас аз ту чизе нест». Ривояти Муслим.

Аллоҳ таоло аз азал ҳаст. Азал ба маънои оғоз надошта аст. Азал онеро гӯянд, ки аввал надорад. Азал пеш аз вақт буд. Пас аз он, ки Аллоҳ таоло осмону заминро офарид, дар осмон офтобу моҳтоб ва ғайра махлуқотро ҳам офарид, аз ҷумла шабу рӯзро офарид, вақт пайдо шудааст. Бо баромадани офтоб рӯз мешуду бо ғуруби он шаб меояд, аз ҳамон лаҳза вақт пайдо шуд.

Абдулаввал номи нек аст. Аммо Аввал гузоштани номи кӯдак аз руи одоб нест.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 57:3
98 / 99