← Бозгашт
18px
99
Ал-Ахир
الآخِرُ
Аллоҳ Ахир аст, пас аз ӯ чизе нест. Саҳеҳ Муслим.
Ҳангоми талаффузи Ахир бояд ҳарфи «а»-ро дароз кашида, хонда шавад. Аммо Охир ҳам талаффуз кардан иншоаллоҳ боке надорад.
Аллоҳ Ахир аст, вуҷуду ҳастии Ӯ охир надорад, охирияти Аллоҳ интиҳо надорад. Ҳама мемиранд, Аллоҳи Ахир боқӣ мемонад, Аллоҳ ҳамеша ҷовидон аст, оқибати кор ва бозгашти ҳама ба сӯи Аллоҳ аст. Аз бузургии Аллоҳ аст, ки ҳама халқ завол (тамомшавӣ) доранд, танҳо Ӯ боқӣ аст.
Абдулахир номи нек аст ё Абдулохир ҳам талаффуз кунед, иншоаллоҳ боке надорад.
Аз Аллоҳ таоло мепурсам, ки илмро бар фоидаи мо ҳуҷҷат гардонад ва бо хотимаи нек ва мусалмон вафот карданро насибамон гардонад.