Аллоҳ
Аллоҳ ба маънои маъбуд, яъне зоте ки парастиш мешавад ва сазовори парастиш аст. Ин номро «Лафзи ҷалолат» гуфта мешавад. Ин ном маънои тамоми номҳои дигари Ӯро дарбар мегирад. Номи ҷалолаи «Аллоҳ» аз калимаи Илоҳ гирифта шудааст. Ибнил Қайим раҳматуллоҳи алайҳ гуфтанд: «Лафзи ҷалола аслан аз калимаи «илоҳ» гирифта шуда, ҳамза аз он ҳазф шудааст».
Ин ном асли тамоми номҳост. Тамоми зикрҳо ва номҳои Ӯ ба номи «Аллоҳ» изофа мешавад, мисли «Карим, Раҳим, Алим аз ҷумлаи номҳои Аллоҳ аст. Ҳамчунин зикрҳо, ба монанди Субҳоналлоҳ, Алҳамдуллиллаҳ, Аллоҳу Акбар ва ғайра.
Аллоҳ номи хосси Парвардигор аст. Ягон шахсро Аллоҳ номидан дуруст нест, балки Абдуллоҳ бояд гуфта шавад, яъне бандаи Аллоҳ.
Паёмбар ﷺ гуфтанд: «Маҳбубтарин ном ба Аллоҳ таоло Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон аст». Ривояти Абӯдовуд.
Аллоҳ номест, ки дар Қуръон аз ҳама бисёр зикр шудааст. Ин ном 2697 маротиба зикр шудааст.