Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
2

Ал-Илоҳ

الإِلَهُ

Илоҳ ба маънои маъбуд аст, яъне зоте, ки парастиш карда мешавад, сазовори парастиш, чизе, ки онро парастиш мекунанд. Ҳамчун худо парастида мешавад, хоҳ худои ҳақ бошад, хоҳ худои дурӯғин. Мушрикон бут, оташ ва амсоли инро ба худ ҳамчун худо қабул карданд.

Абдурраҳмони Саъдӣ гуфт: «Илоҳ ҳамаи сифоти камолу ҷамолро дарбар гирифтааст ва ҳамаи номҳои зебои Аллоҳ зери номи Илоҳ дохил аст».

Хубайби ансорӣ дар ҳузури Паёмбар ﷺ гуфт: «Ва ин дар зоти Илоҳ». Паёмбар ﷺ иқрор карданд. Ривояти Бухорӣ.

Абдулилоҳ ном гузоштани фарзанд ҷоиз аст, агарчи ин ном дар замонаҳои пеш машҳур набуд. Вале Илоҳ номидани фарзанд ҳаром аст. Номи Абдуллоҳ ҷои Абдулилоҳро мегирад.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 2:163📖 20:98
2 / 99