Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
3

Ар-Раҳмон

الرَّحْمَنُ

Раҳмон – соҳиби раҳмати васеъ. Ин ба сифати қоим ба Ӯ таоло далолат мекунад. Раҳмат сифати Ӯст. Ин ном ба бениҳоят меҳрубон будани Аллоҳ таоло далолат мекунад.

Ар-Раҳмон – ба ҳама махлуқот, ҳатто ба кофирону душманонаш, ба ҳайвоноти ваҳшӣ меҳрубон аст. Ин раҳмати Аллоҳ тамоми махлуқотро дар дунё дар бар мегирад.

Раҳмати Аллоҳ васеътарин сифати Ӯ мебошад. “Аллоҳ дорои сад раҳмат аст, якеро ба замин байни инсонҳо ва ҷинҳо ва ҳайвонот нозил кард, аммо наваду нуҳи онро ба рӯзи қиёмат гузошт”. Ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Раҳмон номи хосси Аллоҳ аст. Ҳеҷ касеро Раҳмон номидан дуруст нест, балки Абдурраҳмон бояд гуфта шавад, яъне бандаи Раҳмон.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 1:3📖 17:110
3 / 99