← Бозгашт
18px
62
Ал-Муҳит
الْمُحِيطُ
Иҳотакунандаи ҳама чиз бо қудрату илми худ.
Муҳит – иҳотакунанда, дарбаргиранда, фарогиранда.
Бо илму қудрат ва раҳмату қаҳраш ҳамаро фаро гирифтааст. Касе аз Аллоҳ гурехта наметавонад. Ба куҷо ҳам мегурезад, зеро ҳама ҷо мулки Ӯст.
Ин ном ҳашт маротиба дар Қуръон зикр шудааст.
Абдулмуҳит ном гузоштан мумкин аст. Аммо Муҳит аз рӯи одоб нест.