← Бозгашт
18px
61
Ал-Муҳаймин
الْمُهَيْمِنُ
Қоим ба халқаш.
Муҳаймин – Нозир, нигаҳбон, дар ҳама ҷо ҳозиру нозир ва ҳофизи ҳама, ба маънои шоҳид ҳам меояд.
Ибни Аббос гуфтанд:
«Муҳаймин – бар амалҳои халқ шоҳид ва назораткунандаи халқ аст».
Номи Муҳаймин номи ҷомеъ аст ва васфҳои камолро ҷамъ карда, васфҳои пастро дур мекунад. Ин ном маъноҳои бузургро дарбар гирифтааст ва тамоми сифоти зебо ба доираи ин ном дохил мешавад. Аз ҷумла, шоҳидӣ, ҳифз, атову манъ, назорат болои халқ, ва қоим будан ба корҳои оламиён. Аз корҳои махфӣ огоҳ аст. Ин ном як маротиба дар Қуръон зикр шудааст.
Номи фарзандро Муҳаймин ном гузоштан манъ аст. Танҳо Абдулмуҳаймин ҷоиз аст.