Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
60

Ал-Муқит

المُقيِت

Қоим ба аъмоли бандаҳо ва ҳифзкунандаи он.

Муқит яъне ба ҳама кор қодиру тавоно ва қуту рӯзидиҳанда, яъне таомдиҳанда, ғизодиҳандаи махлуқот аст. Инчунин ба маъноҳои Ҳофиз, Шоҳид ва Мудаббир, яъне идоракунандаи тамоми халқ далолат мекунад.

Аллоҳи Муқит ғизои халқро ба сӯи онҳо бо қудрати худ равон мекунад. Онҳоро ҳифз мекунад ва ба тамоми амалҳои бандагон шоҳид аст.

Номи Ал-Муқит дар Қуръони карим як маротиба зикр шудааст.

Абдулмуқит аз ҷумлаи номҳои нек аст. Аммо агарчи бархе номи Муқитро ҷоиз гуфтаанд, вале Абдулмуқит ном гузоштан беҳтар аст.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 4:85
60 / 99