Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
59

Ал-Муҷиб

الْمُجِيبُ

Иҷобаткунандаи дуоҳои дуокунандагон. Иҷобаткунанда, иҷобаткунандаи дуоҳои бандагон, хоҳ мусалмон бошанд, хоҳ кофир. Дуои Иблисро қабул кард, дуои Абӯҷаҳлро қабул кард. Дар сураи Соффот, ояти 75 гуфт:

«Дар ҳақиқат Нуҳ моро нидо кард (яъне дуо кард) пас чӣ хел ҳам мо беҳтарин иҷобаткунанда ҳастем». Яъне иҷобаткунандаи дуоҳою талабу дархост.

Аз зоти Муҷиб танҳо хайрро бипурсед, дар ҳаққи худу фарзандонатон дуои бад накунед, зеро Муҷиб дуоро иҷобат мекунад.

Номҳои Абдулмуҷиб ва Муҷиб ҷоиз аст.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 11:61
59 / 99