Ал-Қариб
Ба ибодаткорону пурсандагонаш наздик аст.
Қариб – наздик. Аллоҳ ба бандагонаш бо илмаш наздик аст. Аллоҳ ҳатто аз наздиктарин шахсе, ки дар паҳлӯи инсон аст, наздиктар аст, чун аз қалби инсон низ огоҳ аст. Аллоҳ ба бандагонаш аз раги хунгузараш наздиктар аст. Наздикии Ӯ ба худаш хос аст. Чизе аз махлуқот мисли Аллоҳ нест, Ӯ дар болои Арш аст, вале наздик аст.
Наҳанг Юнус алайҳиссаломро фурӯ бурду ба қаъри уқёнус рафт, сатҳи об аз сатҳи замин поён аст. Қаъри уқёнус то 10 км чуқурӣ дорад, дар шаби торик, дар торикии шиками моҳи дар қаъри об, ҳазрати Юнус аз зоти Қариб ёрӣ пурсид. Аллоҳи Шунаво ва Наздик дуои эшонро қабул кард.
Ба мӯъминон бо ёрӣ ва қудраташ наздик аст ва ҳамеша ҳамроҳи онҳост. Аллоҳ таоло ба шумо аз ҳама наздиктар аст, аз ҳолати шумо бохабар аст. Аз падару модар, ҳамсару фарзанд, ёру дӯст, аз ҳама мардум наздиктар аст. Пас ба Ӯ дарду шикояти худро бигӯед ва аз Ӯ ёрӣ ва мадад пурсед, албатта Аллоҳ таоло Қарибу Муҷиб аст.
Номи Абдулқариб ва Қариб ҷоиз аст.