← Бозгашт
18px
57
Ал-Қаҳҳор
الْقَهَّارُ
Қаҳҳор – Ғолиб, сахтгир, хашмовар, ҳокими мутлақ.
Қаҳҳор сиғаи муболиғаи Қоҳир аст. Тоғутҳо ва золимҳои бисёру бузургро шикаст додааст ва шикаст медиҳад, ҳамаи онҳо зери қаҳру тасаллути Қаҳҳор қарор доранд.
Ҳар мавҷуде, ки ҳаст, зери қаҳру қудрати Ӯ итоаткор шудааст. Тамоми махлуқот дар қабзаи Ӯ оҷиз аст.
Қаҳҳор танҳо як кас мешавад. Имом Табарӣ гуфт:
«Ба ҳар махлуқ бо қудраташ Қаҳҳор аст ва бо иззаташ Ғолиб аст».
Ин ном шаш маротиба дар Қуръон зикр шудааст.
Абдулқаҳҳор номи нек аст. Аммо Қаҳҳор номидани инсон ҷоиз нест.