← Бозгашт
18px
29
Ал-Муътӣ
الْمُعْطِي
Атокунанда, диҳанда, дар ато ягона аст, агар чизе дод, касе манъ карда наметавонад ва агар манъ кунад, касе дода наметавонад. Додан барояш маҳбубтар аз манъ кардан аст. Ин ном дар ҳадис собит шудааст. Паёмбар ﷺ гуфтанд: «Ман тақсимкунанда ҳастам, Аллоҳ диҳанда аст». Ривояти Бухорӣ.
Ҳоҷати худро аз Аллоҳ Ал-Муътӣ бипурсед! Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар гуфтанд: «Касе аз Аллоҳ напурсад, бар ӯ ғазаб мекунад». Ривояти Тирмизӣ.
Агар аз бандаҳо пурсед, онҳо нороҳат мешаванд, аз Аллоҳ пурсед, Аллоҳ таоло хурсанд мешавад.
Ном гузоштани кӯдак бо номи Абдулмуътӣ ва ҳам Муътӣ ҷоиз аст.