Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
28

Ал-Алим

اَلْعَلِيْمُ

Оне, ки аз ӯ чизе пинҳон нест. Алим сиғаи муболиғаи oлим, яъне ниҳоят олиму доно аст.

Аллоҳ ба он чӣ буд, он чӣ ҳаст ва он чӣ оянда хоҳад шуд ва он чӣ нашуд ва агар шавад, чӣ гуна мешуд, олиму доност. Илми Аллоҳ таоло тамоми махлуқоти хурду бузург ва зоҳиру ботинро иҳота кардааст. Илми тамоми олимону алломаҳои инсонҳо, ҷинҳо, фариштаҳо ва тамоми махлуқот агар ҷамъ шавад, дар баробари илми Аллоҳ таоло мисли қатраи обе, ки аз баҳр гирифта мешавад, баробар намешавад. Болои ҳар олиму аллома зоти Алим аст, ки ба ҳамаи онҳо аз фазлу карамаш каме илм ато кардааст. Аллоҳ таоло адади баргҳоеро, ки аз дарахт меафтад, медонад. Чанд барг аз кадом дарахт, дар кадом рӯз ё шаб, ба кадом замин, замини тар ё хушк афтид, ҳамаи онро медонад. Ҳатто адади қатраҳои борон ва адади реги биёбонро медонад. Калиди ғайбҳо назди Аллоҳ аст. Илми қиёматро ҷуз Аллоҳ касе намедонад, на Паёмбаре ва на наздиктарин фариштае. Яъне ҷуз Аллоҳ касе намедонад, ки қиёмат кай барпо мешавад. Ҳамчунин касе намедонад, ки инсон кай ва дар кадом замин вафот мекунад.

Эй муаллими Иброҳим, барои мо илм деҳ, чунон ки ба Сулаймон фаҳм додӣ, бо мо низ фаҳм бидеҳ, эй Алим, илми моро зиёда гардон.

Бояд ин номи Аллоҳро ба кӯдакон таълим диҳем, ҳамчунин тамоми номҳои Аллоҳро низ омӯзем.

Дар Қуръони карим номи Алим зиёда 157 маротиба зикр шудааст. Бо номи «Олим-ул-ғайби ваш-шаҳодаҳ» (олими ғайбу ҳозир) ва гоҳо бо номи «Олим-ул-ғайб» сенздаҳ маротиба ва бо номи «Аллом-ул-ғуюб» чаҳор маротиба омадаааст.

Номи Абдулалим аз беҳтарин номҳо барои кӯдак аст, аммо аз гузоштани номи Алим ба фарзанд парҳез кардан беҳтар аст, чун як навъ худситоишӣ аст.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 2:158📖 3:92📖 4:35📖 24:41📖 33:40
28 / 99