Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
27

Ал-Маннон

الْمَنَّانُ

Маннон - диҳандаи неъматҳои бузург. Бисёр диҳанда, пеш аз пурсиш, яъне напурсида пештар медиҳад. Зотест, ки пеш аз суол кардан ато мекунад.

Ба тамоми бандагонаш неъмат медиҳад ва бар бандагони дӯсташ ҳидоят, тавфиқу имон миннат мекунад. Касе аз эҳсон ва некии Аллоҳ ба муддати як миҷҷа задан бениёз нест. Дар ҳадис омадааст, ки саҳобае дар дуояш гуфт: «Ту Маннон ҳастӣ» ва Паёмбар ﷺ иқрор карданд. Ривояти Аҳмад.

Ҳоҷатҳо ва дархости худро аз Аллоҳи Маннон пурсон шавед, Ӯ ба шумо аз фазлу карамаш ато мекунад.

Маннон гузоштани кӯдакон аз рӯи одоб нест. балки Абдулманнон бояд номид.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

Ҳадис
27 / 99