Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
26

Ал-Басир

الْبَصِيرُ

Басир – яъне бино. Биноияш тамоми диданиро иҳота кардааст. Аллоҳ таоло бино аст, биноияш тамоми оламро фаро гирифтааст. Осмонҳо ва тамоми табақаҳои он, замин ва қабатҳои он ва зери хокро мебинад.

Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло тамоми махлуқотро мебинад. Ҷараёни хуни онҳоро дар рагҳо, назарҳои дуздида ва ҳар чӣ дилҳо ниҳон доштаанд мебинад. Изи пои мӯрчаи сиёҳро дар болои санги сиёҳ дар шаби торик мебинад.

Аллоҳ таоло дар як лаҳза тамоми махлуқотро мебинад. Тамоми корҳои савоб ва хайри шуморо мебинад. Агар гуноҳ карданӣ шавед, барои худ як маконе ҷустуҷӯ кунед, ки Аллоҳ набинад. Аммо агар наёфтед ва ҳаргиз нахоҳед ёфт, пас аз зоти Бино битарсед! Ӯро чунон ибодат кунед, ки гуё Ӯро мебинед ва агар дида натавонистед, пас бидонед, ки Ӯ шуморо мебинад, ҳар оина Ӯ Шунаво ва Бино аст.

Ин ном тақрибан дар 40 мавзеъи Қуръони карим зикр шудааст.

Номи Абдулбасир барои писарҳо аз ҷумлаи номҳои нек аст. Агар Басир ном гузорад, ҷоиз аст.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 4:58📖 17:1📖 42:11📖 42:27
26 / 99