Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
25

Ас-Самиъ

السَّمِيعُ

Самиъ – яъне шунаво. Тамоми садо ва овозҳоро мешунавад.

Аллоҳ таоло шунавост, шунавоияш тамоми оламро фаро гирифтааст ва ҳадду канор надорад. Суҳбатҳои сиррӣ ва ошкоро, ҳатто суханҳои қалби инсонро мешунавад. Як сухан Аллоҳро аз шунидани сухани дигар машғул намесозад, балки Аллоҳ таоло дар як лаҳза сухани миллиардҳо махлуқро бо овозҳо ва забонҳои гуногун мешунавад. Дуои бандагонашро мешунавад, пас ба зоти Самиъ (Шунаво) нола кунед ва дуо кунед! Албатта Ӯ Шунаво ва Қарибу Муҷиб аст, дуоҳоятонро иҷобат мекунад. Дар Қуръон тақрибан 50 маротиба зикр шудааст.

Номи Абдуссамеъ барои писарҳо аз ҷумлаи номҳои нек аст. Самеъ ном гузоштан низ боке нест.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 2:127📖 2:256📖 8:17📖 49:1
25 / 99