← Бозгашт
18px
44
Ал-Қавӣ
الْقَوِيُّ
Пурқуввате, ки ӯро касе оҷиз карда наметавонад.
Қавӣ – боқувват, зӯр, тавоно, соҳиби қувват.
Қавӣ – мағлубнашаванда аст, касе аз ғазабаш гурехта наметавонад. Қазову қадари Ӯро касе рад карда наметавонад, масалан касеро Аллоҳи Қавӣ ба марг ҳукм кунад, ягон кас пеши марги онро наметавонад бигирад. Ба онҳое, ки ба Ӯ кофир шуданд, азобаш сахт аст. Ин ном 9 маротиба дар Қуръон зикр шудааст. Абдулқавӣ аз ҷумлаи номҳои беҳтарин буда, Қавӣ низ ҷоиз аст.