Ан-Насир
Нусратдиҳандаи мӯъминон бар душман. Дар 4 мавзеъи Қуръони карим зикр шудааст.
Аммо Носир аз ҷумлаи номҳои зебои Аллоҳ таоло нест.
Насир – нусратдиҳанда, ёридиҳанда, ёвар.
Насир васфи камол ва муболиға дар сифат аст. Ҳарчанд душман қавӣ бошад, Аллоҳ нусратдиҳанда аст. Аллоҳ мӯъминонро алайҳи душманонашон нусрат медиҳад, қадами онҳоро устувор мегардонад ва дар дили душманонашон тарс меандозад. Аллоҳ касе аз бандагони мӯъминашро бихоҳад, нусрат медиҳад. Ҳар касеро агар нусрат дод, ҳеҷ кас бар ӯ ғолиб намеояд ва ҳар касеро хор кард, барои ӯ ҳеҷ ёридиҳандае нест. Як шарти нусрати Аллоҳ бар мӯъминон ин аст, ки Аллоҳро нусрат диҳанд. Аллоҳ таоло гуфт:
«Эй онҳое ки имон овардед, агар Аллоҳро нусрат диҳед, Аллоҳ шуморо нусрат медиҳад». Сураи Муҳаммад, ояти 7.
Нусрати Аллоҳ бо нусрати динаш мешавад. Касе илм дорад, бо илм ва касе мол дорад, бо мол нусрат медиҳад. Ҳар кас ба қадри имкон бояд ба дини Аллоҳ ёрӣ диҳад, дар натиҷа сазовори ёрии Аллоҳ мешавад.
Номҳои Абдуннасир, Насир ва инчунин Носир номидани кӯдак иҷозат аст. Аммо Абдуносир ҷоиз нест.