Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
69

Ал-Ҳамид

الْحَمِيدُ

Дар ҳамаи қавлҳо ва амалҳояш ситоишшуда аст.

Ҳамид – таърифкардашуда, мадҳшуда, сутуда, ситоишшуда.

Ҳамид зотест, ки Ӯро аҳли осмонҳо ва заминҳо ҳамду ситоиш мегӯянд, тамоми махлуқот ба ҳамдаш сухан кардаанд.

Ҳам дар ҳолати неъмат доданаш ва ҳам дар ҳолати мусибат фиристоданаш ҳамеша сазовори ҳамду ситоиш аст.

Аллоҳи Ҳамид дорои номҳои зебо ва сифатҳои волову камол аст. Ӯ ба халқаш эҳсони бисёр кардааст. Ҳамид шоистаи ҳамду санову ситоиш аст. Вале ҳамде, ки Аллоҳ сазовору лоиқ аст, бо забон ба шакли пурра ба ҷо оварда намешавад. Бинобар ин мо узр мехоҳем, ки ҳамду шукри Аллоҳро ба ҷо оварда наметавонем. Мегӯем, ки мо ба ту ҳамду сано гуфта наметавонем, чӣ хеле ки ту худ ҳамду сано гуфтӣ.

Ин ном 17 маротиба дар Қуръон зикр шудааст.

Абдулҳамид ва Ҳамид номҳои нек мебошанд.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

📖 14:8📖 31:12📖 31:26📖 41:42
69 / 99