← Бозгашт
18px
70
Аш-Шокир
الشَّاكِرُ
Ба амали андак савоби бисёр медиҳад.
Шокир – шукркунанда, сипосгузор, қадршинос.
Ба тоати андаке бандагонашро ташаккур (шукргузорӣ) мегӯяд.
Аз ҷумлаи шукри Аллоҳ ба як амали нек аз даҳ то ҳафсад баробар ва бештар аз он мукофот медиҳад. Инчунин ба шукри кам розӣ мешавад.
Номи Шокир ду маротиба дар Қуръон зикр шудааст.
Абдушшокир ва Шокир номҳои нек мебошанд.