← Бозгашт
18px
89
Ар-Рафиқ
الرَّفِيقُ
Ба бандагонаш Латиф аст ва ба онҳо осонӣ мехоҳад.
Рафиқ, муомилаи нарм мекунад, бисёр меҳрубон, Ҳалим.
Рафиқ – бо бандагон ба нармӣ ва мулоимӣ муомила мекунад.
Ин ном дар ҳадиси саҳеҳ собит шудааст. Паёмбар ﷺ гуфтанд: «Аллоҳ рафиқ аст, аҳли рифқро дӯст медорад». Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
Паёмбар ﷺ гуфтанд:
«Ҳамоно Аллоҳ рафиқ (меҳрубон) аст, аҳли рифқро дӯст медорад ва ҳамоно Аллоҳ бар рифқ (нармӣ) ато мекунад он чиро, ки бар дуруштӣ ато намекунад». Ривояти Аҳмад.
Рафиқ номидани кӯдак ҷоиз аст. Аммо аз номи Абдуррафиқ худдорӣ кардан беҳтар аст.