Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
90

Ал-Ҳайий

الْحَيِيُّ

Бисёр боҳаё.

Ин ном дар ҳадис омадааст:

«Албатта парвардигоратон шармдоранда ва карим аст, агар бандааш ду дасташро боло кунад, аз холӣ баргардонидани дасташ шарм мекунад». Ривояти Абӯдовуд.

Аз калимаи ҳаё, яъне шармдоранда гирифта шудааст.

Агар бандааш дасташро бардошта, дуо кунад, шарм медорад, ки дасти ӯро холӣ баргардонад. Шарму ҳаёи Аллоҳ сифати ба Ӯ хос аст, ба ҳаёи халқ монанд нест. Банда шарм нокарда, бар ивази неъматҳои Аллоҳ гуноҳ мекунад. Аммо Аллоҳ таоло аз фош кардани айби банда шарм медорад. Агар банда ба гуноҳаш тавба кунад, Аллоҳ таоло аз қабул накардани тавбааш шарм мекунад. Ба сӯи зоте, ки шармдоранда аст, дасти ҳоҷат дароз кун, дастатро холӣ барнамегардонад.

Номи Абдулҳайий ва Ҳайий иҷозат аст.130

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

Ҳадис
90 / 99