Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
91

Ад-Дайён

الدَّيَّانُ

Ад-Дайён – Қаҳҳор, ҳоким ва ҷазодиҳанда.

Дайён – Малики Қаҳҳор ва Ҳокиму Қозӣ аст.

Бандагонро ба амалҳояшон ҳисобу китоб мекунад, ба амали хайр мукофот ва ба амали бад ҷазо медиҳад. Паёмбар ﷺ гуфтанд: Аллоҳ таоло гуфт:

«Ман Малик ҳастам, Ман Дайён ҳастам». Саҳеҳ Бухорӣ.

Ин номро Ибнил Қайим аз ҷумлаи номҳои Аллоҳ ҳисоб кардаст. Ин ном дар ҳадиси ҳасан собит шудааст.

Абдудайён ва Дайён ном гузоштани кӯдак ҷоиз аст.

Зикри ин ном дар оятҳои Қуръон:

Ҳадис
91 / 99