АМАЛҲОИ МАШРӮЪ ВА ҒАЙРИ МАШРӮЪ
Амалҳои машрӯъ 5 – то ва ғайри машрӯъ 3 – то мебошанд.
ФАРЗ
Он чизест, ки собит шудааст ба далели қатъӣ ва шубҳае дар ҳамон далел нест. Ҳукми фарз савоб аст ба сабаби кардан, иқоб аст ба сабаби тарк кардан ва куфр аст ба сабаби инкор (рад) кардан. Амали фарз мисли намоз хондан, руза доштан ҳаҷҷи Байтуллоҳ кардан, закоти мол додан, амри маъруфу наҳйи мункар кардан.
ВОҶИБ
Он чизест, ки собит шудааст ба далели гумоне, ки ҳаст шубҳае дар ҳамон далел. Ҳукми воҷиб савоб аст ба сабаби кардан аз рӯи амали фарз ва иқоб аст ба сабаби тарк кардан ва адами (набудани) куфр аст ба сабаби инкор (рад) кардан. Амали воҷиб мисли намози витр, дуоъи қунут, намозҳои ид, садақаи фитр, қурбонӣ кардан.
СУННАТ
Қавл, амал ва иқрори пайғамбарамон салаллоҳу ъалайҳи ва саллам аст ва он чизест, пайғамбарамон (с) дар ҳамаи ҳаёти худ, тарк кардан, як ё ду маротиба. Ҳукми суннат савоб аст ба сабаби кардан ва иқоб аст ба сабаби қасдан тарк кардан. Амали суннат мисли риш мондан, мисвок кардан.
МУСТАҲАБ
Он чизест, ки пайғамбарамон (с) дар ҳамаи ҳаёти худ онро як ё ду маротиба кардаанд ва дуст доштаанд онро аҳли салаф. Ҳукми мустаҳаб савоб аст ба сабаби кардан ва адами (набудани) иқоб аст ба сабаби тарк кардан. Амали мустаҳаб ибтидои ҳар корро аз рост сар кардан, масҳи гардан кашидан, намозҳои нафлии пеш аз ъаср ва пеш аз хуфтан, рӯзаи нафл, садақаи нафл.
МУБОҲ
Он чизест, ки мухайяр гузошта шудааст, бандаро байни кардан ва нокардани амал. Амали мубоҳ мисли зиёда хӯрдан барои зарурат ва ё зиёда хоб кардан.