← Бозгашт
18px
АқидаМавзӯи 61
НАМУДҲОИ ФАРЗ ВА СУННАТ
Фарз ду хел мешавад: фарзи ъайн ва фарзи кифоя.
- Фарзи ъайн он чизест, ки то худи банда ба ҷо наорад, аз гарданаш соқит намешавад. Мисли намоз хондан.
- Фарзи кифоя он чизест, ки як кас ба ҷо оварад аз дигарон соқит мешавад. Мисли намози ҷаноза ва ҷавоби салом.
Суннат ду хел мешавад: суннати муаккада ва суннати мустаҳабба.
- Суннати муаккада он чизест, ки пайғамбарамон (с) тарк накардаанд. Мисли суннатҳои намози бомдод, пешин, шом ва хуфтан.
- Суннати мустаҳабба он чизест, ки пайғамбарамон (с) дар ҳаёти худ як ё ду маротиба кардаанд. Мисли суннати намози аср ва чаҳор ракаъат суннати пеш аз намози хуфтан.