Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
ТаҳоратМавзӯи 16

БАЁНИ ШИКАНАНДАҲОИ ТАҲОРАТ

Шиканандаҳои таҳорат нӯҳ аст:

  • Он чизе, ки мебарояд аз пасу пеш агар чанде ҷорӣ ҳам набошад.
  • Он чизе, ки мебарояд аз ғайри пасу пеш агар ҷорӣ шавад, мисли хуне, ки мебарояд аз дасту по ва ғайра, баъд аз задани сӯзан ва монанди сӯзан.
  • Қай кардани хуни тунук, агар сурх шавад ба он оби даҳон, аммо агар зард шавад таҳоратро намешиканад.
  • Қайи ғайри хуни тунук, агар пур кунад даҳонро. Аммо балғам таҳоратро намешиканад.
  • Хоби такязада.
  • Беҳушӣ.
  • Девонагӣ.
  • Хандаи қаҳйаҳаи болиғ дар намоз.
  • Рӯ ба рӯ шудани аврати зан аврати мардро дар ҳолате, ки бараҳна бошад ва мунташир бошад аврати мард.
16 / 87