Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
ТаҳоратМавзӯи 17

ТАРТИБИ ТАҲОРАТ КАРДАН

Касе, ки намоз ё Қуръон хонданро ирода кунад, бар вай таҳорат гирифтан лозим аст. Ду махраҷро бо кулӯх пок карда, мустаҳаб кунад. Мустаҳаб ин, баъди бо кулӯх пок кардан, бо об махраҷро мешӯяд, ва мегӯяд: «Ният кардам таҳорат созам то намоз бар ман мубоҳ (раво) гардад».

Баъд аз мустаҳаб ба таҳорат шурӯъ мекунад:

«Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» гуфта, дастҳояшро се бор мешӯяд ва ангуштонашро хилол мекунад.

Ба даҳонаш се бор об гирифта, бо ду ангуштонаш тарафҳои чапу рости даҳонашро хилол мекунад. Мисвок кунад афзал аст. Мисвок суннати пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам буд, 14 хосият дорад. Мисвок аз чӯби талх бояд бошад, асбоби дандоншӯиро ҳам ба ҷои мисвок ба кор бурдан мумкин аст ва инро мегӯяд:

«Субҳоналлоҳил ъалийил ъазим».

Ба биниаш се маротиба ба муболиға (яъне, обро то димоғаш кашад) об гирад ва инро мегӯяд: «Валҳамду лиллоҳи ъало динил илом».

Се маротиба рӯяшро мешӯяд ва калимаи тайиба ва шаҳодатро мегӯяд: «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур расулуллоҳ. Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу».

Ду дасташро бо ҳамроҳии оринҷ се маротиба мешӯяд, дар вақти ба дасти рост об рехтан «Ал – Қодир» ва ба дасти чап об рехтан «Ан – Нозир» мегӯяд.

Об гирифта бирезад, бо кафи дастҳояш сарашро молида масҳ кашида, бо ангуштонашро ба ду ҷониби гардан мекашад.

Пойҳояшро (аз пои рост сар карда) бо буҷудак се маротиба бишӯяд ва инро мегӯяд: «Аллоҳумма саббит қадамайни ъало сиротин мустақим».

17 / 87