Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
НамозМавзӯи 18

КАЛИМАҲОИ АЗОН

Намозхон бояд пеш аз намоз хондан азон гӯяд. Азон шиори ислом аст.

Аллоҳу акбар – 4 маротиба.

Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ – 2 маротиба

Ашҳаду анна Муҳаммадур расулуллоҳ – 2 маротиба

Ҳайя ъалас салоҳ – 2 маротиба

Ҳайя ъалал фалоҳ – 2 маротиба

Аллоҳу акбар – 2 маротиба

Ло илоҳа иллаллоҳ – 1 маротиба

Муаззин дар вақти азон гуфтан, ҳангоми «Ҳайя ъалас салоҳ» рӯяшро ба тарафи рост ва ҳангоми «Ҳайя ъалал фалоҳ» рӯяшро ба тарафи чап гардонад. Дар намози бомдод, баъди «Ҳайя ъалал фалоҳ» ду маротиба «Ассалоту хайрун минаннавм», яъне намоз бехтар аст аз хоб гӯяд.

Шунавандаи азон он чӣ муаззин гӯяд, такрор кунад ва дар вақти шунидани «Ҳайя ъалас салоҳ» ва «Ҳайя ъалал фалоҳ» гуяд: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил ъалийил ъазим». Муаззим ва шунавандаи азон баъди азон ин дуъоро хонад.

18 / 87