Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
НамозМавзӯи 25

БАЁНИ СУННАТҲОИ ХОС ДАР НАМОЗ

  • Такбирҳоро баланд гуфтани омом.
  • Наздик бурдани муқтадӣ такбирашро ба такбири омом.
  • Мутобиъат кардани муқтадӣ имомашро, дар ҳар феъли имом.
  • «Аъузу биллоҳи минаш шайтонир раҷим» гуфтан.
  • Баъд гуфтани «Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим» гуфтан.
  • Баъди тамом шудани алҳамд (сураи Фотиҳа) барои имом ва танҳогузор, хоҳ дар намози баланд бошад ё паст «Омин» гуфта оҳиста, ки дигаре нашунавад.
  • «Самиъаллоҳу ли ман ҳамидаҳ» гуфтани имом ва «Раббано лакал ҳамд» гуфтани муқтадӣ. Аммо танҳогузор ҳар дуро мегӯяд.
  • Хобондани пои чап ва нишастан бар болои ӯ ва истода кардани пои рост дар болои ӯ ва истода кардани пои рост дар қаъда барои мардон, аммо занон дар вақти нишастан ду пои худро аз ҷонии рост мебароранд.
25 / 87