← Бозгашт
18px
НамозМавзӯи 24
БАЁНИ СУННАТҲОИ ЪОМ ДАР НАМОЗ
- Бардоштани ду даст дар таҳрима.
- Бардоштани ду даст дар таркиби қунут.
- Бардоштани ду даст дар такбироти идайн.
- Парешон кардани ангуштон дар вақти бардоштан.
- Субҳонакаллоҳумаро хондан.
- Ниҳодани дасти рост бар болои дасти чап.
- Такбирҳои интиқолот, яъне такбирҳое, ки онҳоро гуфта аз як рукн ба рукни дигари намоз мегузаранд.
- «Субҳона раббиял ъазим» гуфтан дар рукӯъ.
- Гирифтани зону дар вақти рукӯъ бо ду даст.
- Парешон кардани ангуштон дар рукӯъ.
- Қавма, яъне қоматро рост кардан баъди рукӯъ ва баъд аз он саҷда кардан.
- Ҷалса, яъне ором гирифтан бийни ду саҷда.
- Саҷда кардан бар ҳафт яъзо, яъне ба пешонию бинӣ ва ба ду зону ва ба ду даст ва пой.
- «Субҳона раббиял ъало» гуфтан дар саҷда се бор.
- Салавот хондан бар расуллуллоҳ баъди аттаҳиёт.
- Аллоҳумағфирлӣ хондан.
- Салом додан бар рост ва бар чап.