ДУО
Аллоҳуммағфирлӣ вали волидайя вали ҷамиъил мӯъминина вал мӯминот, вал муслимина вал муслимот. Бирҳматика ё арҳамар роҳимин.
Баъд ба тарафи рост сарашро гардонида, чуноне, ки китфашро бинад, «Ассалому ъалайкум ва раҳматуллоҳ» гӯяд ва ба тарафи чапаш ҳам ҳамин хел салом дода барояд.
Агар намоз чор ракаъатӣ бошад, дар қаъдаи ракаъати дуюм фақат ташаҳҳудро хонда, Аллоҳу акбар гӯён аз ҷояш бархеадва рост шуда, дар тартиби боло гузашта сураи фотиҳа хонад. Агар ин намоз намози фарз бошад (монанди фарзи пешин, аср ва хуфтан) баъд аз сураи фотиҳа дигар сура намехонад (мисли суннати пешин, ҷумъа ва таровиҳ) дигар сура низ бихонад. Баъди рукӯъ ва ду саҷда бархезад ва рост шуда, сураи фотиҳа ва дигар сура хонда (дар суннатҳо) ё нохонда (дар фарзҳо) рукӯъ ва ду саҷда кунад. Баъд аз саҷдаи дуюм нишаста, ташаҳҳуд, салавот ва дуо хонда, ба ду тараф салом диҳад.
Дар намози се ракаъата, дар фарзи шом баъд аз ташаҳҳуди ракаъати дуюм рост шуда, сураи фотиҳаро сирран хонад, рукӯъ ва ду саҷда карда, нишаста ба ҳамаи мазкуроти боло намозро тамом кунад. Дар витри воҷиби хуфтан дар ракаъати саввум сураи фотиҳа ва дигар сура хонда, мисли такбири таҳрима «Аллоҳу акбар» гӯён сари нарангуштро ба нармии гӯш бирасонад ва боодобона истода, дуоъи қунутро бихонад.