Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
НамозМавзӯи 42

ДУОЪИ ҚУНУТ

Аллоҳума инно настаъинука ва настағуфирукка ва нуъминубика ва наттаваккалу ъалайка ва нусни ъалайкал хайр. Нашкуррука ва ло накфурук, ва нахлаъу ва натруку май яфҷурук. Аллоҳума ийёка наъбуду валака нусаллӣ насҷуду ва илайка насъо, ва наҳфиду ва нарҷу раҳматика, ва нахшо ъазобика, инна ъазобика бил куффори мулҳиқ «

Эй, Аллоҳ, аз ту мадад металабем ва аз ту мағфират мехоҳем ва бар ту эътимод (боварӣ) мекунем ва туро ситоиш мекунем. Ба зикри хайраз ту сипосгузорӣ мекунем ва туро ношукрӣ намекунем ва касеро, ки нофармонӣ туст раҳо мекунем ва аз ӯ алоҳида мешавем. Эй Аллоҳ, хос туро ибодат мекунем ва барои ту намоз мегузорем ва саҷда мекунем ва сӯи ту меравем ва анҷоми хидмат менамоем ва умедвори раҳмати туем ва аз азоби ту метарсем, ҳамоно азоби ту ба куффор хоҳад расид.

Баъд мисли дигар намозҳо рукӯъ ва ду саҷда карда, ду қаъда ташаҳҳуду салавоту дуъо, ҳамаашро хонда, ба ду тараф салом дода, аз намоз барояд.

Бенамозӣ гуноҳи калон буда, дар охират азоби сахт дорад. Аз бенамоз ҳеҷ хайрот дар назди Аллоҳ қабул намешавад. Имони бенамоз даъвои бедалел аст, бояд ки ҳар як мусулмон панҷ вақт намозро дар вақташ ба ҷо оварад.

Рӯзи машҳар, ки ҷонгудоз бувад,

Аввали пурсиш аз намоз бувад,

Паст макун дар намозҳо тақсир,

То дар он рӯз бошадат тавфир.

42 / 87