Quran.tjGet it on Google Play
Бозгашт
18px
ТаҳоратМавзӯи 11

ҚОИДАҲОИ ТАҲОРАТ ВА НАМОЗ

Пайғамбаромон Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «Ад-дину ан назофату».

Яъне дин покизагист.

Дини Ислом дили мардумро аз ҳамаи иллатҳои шайтонӣ, разолат ва ҷаҳолат пок сохта, инсони ҳақиқии поквиҷдонро ба камол мерасодад. Дар зимни таълимоти Ислом покизагии тан низ ҷои асосиро ишғол мекунад. Покизагӣ боиси тандурустӣ буда, тани дуруст, ақли дуруст сабаби саодати ҳар ду дунё буда, покии қалб аз комилии ақл ҳосил мешавад. Агар бадан чиркин ва нопок бошад, дил хира шуда аз маъноҳои олии рӯҳонӣ баҳра намеёбад.

Эй мусаллӣ биё таҳорат кун,

Хонаи дини худ иморат кун.

Чун биёрӣ таҳорати зоҳир,

Ботинат низ Ҳақ кунад тоҳир.

Пайғамбаромон Муҳаммади Мустафо салаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

«Ал-вузуу мифтоҳу-с-салоти ва-с-салоту мифтоҳ – ул ҷаннати».

Таҳорат калиди намоз аст ва намоз калиди ҷаннат аст.

11 / 87