← Бозгашт
18px
АқидаМавзӯи 10
УСУЛИ ДИН
Усули дин бародар ҳашт қисм аст,
Бигӯям бо ту ҳар якро чӣ исм аст.
Аввал тавҳид бошад эй мусалмон,
Дуввум ъадл аст, бино бар амри султон.
Мақоми саввумин бошад имомат,
Мақоми чорумин бошад нубуват.
Ба панҷум амри маъруф аст бингар,
Ба шашум низ медон наҳйи мункар.
Мақоми ҳафтумин бошад тавалло,
Мақоми ҳаштумин бошад табарро.
Шарҳи он:
- Тавҳид – яъне Аллоҳ Таъолоро донистан ва ягона эътиқод кардан.
- Ъадл – яъне ба худ ростӣ карданаст.
- Имомат – яъне кори охиратро аз кори дунё муқаддам доштан аст.
- Нубуват – яъне ҳазрати Рисолатпаноҳ салаллоҳу алайҳи ва салламро пайғамбари барҳақ донистан ва ҳамаи пайғамбаронро барҳақ донистан аст.
- Амри маъруф – яъне чизе, ки Худои Таъоло амр кардаст, ба ҷо овардан аст.
- Наҳйи мункир – яъне аз он чизе, ки Худои Таъоло наҳй кардааст, дур будан аст.
- Тавалло – яъне дӯстони Худои Таъолоро дӯст доштан аст.
- Табарро – яъне душмани Худои Таъолоро душман донистан аст.